Саҳифа

Пуштибонӣ

Navo файлҳои мусиқиро, ки дар iPhone, дар iCloud Drive ё дар диски пайвастшуда хобидаанд, пахш мекунад ва аз рӯи тегҳояшон китобхона месозад. Бе аккаунт, реклама ва обуна.

Кӯмак лозим аст?
Ба [email protected] нависед. Одатан дар давоми ду рӯзи корӣ ҷавоб медиҳем.

Саволҳои зуд-зуд додашаванда

Мусиқиро чӣ тавр илова кунам?
«Илова кардани ҷузвдон»-ро пахш кунед ва дар «Файлҳо» ҷузвдонро интихоб кунед. Ё мусиқиро ба «Файлҳо» → «Дар iPhone» → Navo нусха бардоред; аз Mac — файлҳоро дар Finder ба Navo кашед. Барои навсозии китобхона экранро ба поён кашед.

Оё Navo файлҳои маро нусха мебардорад?
Не. Онҳоро дар ҷояшон пахш мекунад ва танҳо ҷойи ҷузвдонро дар ёд медорад.

Кадом форматҳо дастгирӣ мешаванд?
MP3, AAC/M4A, ALAC, FLAC, WAV ва AIFF. Файлҳои бо DRM ҳифзшуда (харидҳои кӯҳнаи iTunes) пахш намешаванд.

Дар ҷузвдон «Дастрасӣ нест» навишта шудааст.
Ҷузвдон кӯчонида ё номаш иваз шудааст ё диск аз пайваст баромадааст. Ҷузвдонро аз «Файлҳо» аз нав илова кунед.

Баъзе трекҳо аз iCloud Drive намоён нестанд.
Файлҳое, ки ҳанӯз ба iPhone бор нашудаанд, худкор бор мешаванд ва пас аз навсозии навбатӣ пайдо мешаванд.

Дар номҳо аломатҳои аҷиб ҳастанд.
Navo тегҳои кӯҳнаро бо рамзгузории Windows-1251 худаш ислоҳ мекунад. Агар файл боз нодуруст нишон дода шавад, номашро ба мо фиристед — дида мебароем.

Фарқи «Аз китобхона хориҷ кардан» ва «Нест кардани файл» дар чист?
Аввалӣ трекро пинҳон мекунад ва файл мемонад; онро дар «Танзимот» → «Трекҳои хориҷшуда» баргардондан мумкин аст. Дуюмӣ пас аз тасдиқи шумо файлро аз ҷузвдон бебозгашт нест мекунад.

Матни сурудҳо аз куҷо гирифта мешавад?
Аз LRCLIB (lrclib.net) — феҳристи кушодаи матнҳо. Navo танҳо бо фармони шумо ҷустуҷӯ мекунад ва ҳар натиҷаро пеш аз захира нишон медиҳад.

Оё Navo плейлистҳоро байни дастгоҳҳо ҳамоҳанг мекунад?
Ҳоло не. Плейлистҳо ва танзимот дар дастгоҳ нигоҳ дошта мешаванд.

Ман Navo-ро дар iPhone харидам. Дар iPad ё Mac боз пардохт мекунам?
Не. Вақте ки версияҳо барои iPad ва Mac бароянд, онҳо дар ҳамон харид дохил мешаванд.

Тамос
[email protected]

← Ба саҳифаи асосӣ