Нашри афзоракҳои нав
Дар давоми чанд рӯзи охир боз якчанд афзораки навро сохта дар App Store нашр намудам, ки метавонед онҳоро дар телефон ва макбуки худ насб намоед.
Имрӯз барои нашри афзораки нав, ки боду ҳаворо дар дилхоҳ шаҳр нишон медиҳад, дархост фиристодам ва мунтазири онам, ки дар App Store пайдо шавад. Ҳам идея ва ҳам қарори сохтани ин афзорак комилан тасодуфӣ буд. Дар вақти гузарондани вебинар барои ҳамкасбон аз Туркманистон танҳо ба ҳайси мисол ва барои нишон додани қобилияти зеҳни сунъӣ дар сохтани абзорҳои гуногун чунин афзоракро аввал дар Google AI Studio ва сипас дар асоси он дар Claude Code сохтам.
Ҳамагӣ барои дар ҳар ду пойгоҳ сохтани ҳар ду абзор 1.5 соат вақт сарф шуд. Шояд боз тақрибан як соати иловагиро барои такмил додани афзораки мобилӣ сарф карда бошам.
Ниҳоят, ба хулоса омадам, ки онро дар App Store нашр кунам. Акнун мунтазири тасдиқи он аз ҷониби модераторони ин пойгоҳ ҳастам. Ҳатман пас аз нашри он линкашро дар саҳифаи ин лоиҳа дар ҳамин сомона мегузорам.
Шарҳҳо
Боргирӣ…